МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД:

29-уми апрели соли 2021, соати 10:45 дақиқа, зимни муноқишаи сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди ҶТ – Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд.

Бештар

МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муқаддима Дарки воқеияти иҷтимоӣ, муайян кардани ниёзҳои мардум, масъалагузорӣ ва ҳаллу фасли онҳо аз рукнҳои асосии сиёсати давлатдорӣ мебошанд. «Тавре мебинем, ҳама гуна давлат як навъ муколамаро мемонад, машварат ҳам кӯшиши (stokhadzontai) ин ё он некӣ карданро дорад. Гузашта аз ин, аз ҳама бештар ва аз ҳама накуиҳо оне волотар аст, ки муҳимтарин бошад ва […]

Бештар

ВОРУХ ЧӢ ГУНА “АНКЛАВ” ШУД? ТАЪРИХИ НИЗОЪИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ Муаллиф: Баҳманёр Надиров, Азия-Плюс, 05.04.2021.

Оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳо, ки дар натиҷаи онҳо Ворух “анклав” шуд. Собиқ мири шаҳри Исфара ва иштирокчии чандинкаратаи музокироти байниҳукуматӣ Мирзошариф Исломидинов ба «Азия-Плюс» дар бораи таърихи низоъҳо дар сарҳад –оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳое, ки дар натиҷа Ворух “анклав” шуд, чунин нақл кард:

Бештар

Ифтитоҳи Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалинг

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти  давлатии оташнишонӣ оид  ба  муҳофизати ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ намуданд. Иншоот аз  ду  ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Бинои нав […]

Бештар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ доир карданд

Рӯзи 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ доир карданд.    Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм, дастгирии сиёсати созанда баҳри рушду пешрафти кишвар ва ободии як гӯшаи диёр ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ховалинг изҳори […]

Бештар

Дар идомаи сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ дар ноҳияи Вахш.

 Дар идомаи сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ҳамчунин Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” -ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дидан карданд. Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҷиҳати истиқбол […]

Бештар

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ва ба истифода додани дарвоза ва мумфаршу чароғонкунии роҳи ҳудуди шаҳрак

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд. Истиқболи меҳмони воломақом — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарият ва сокинони сарбаланди ноҳияи Вахш дар даромадгоҳи ноҳия ба таври самимӣ бо арҷгузорӣ […]

Бештар

Ба истифодадиҳии агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар шаҳри Леваканти Вилояти Хатлон.

     Дар идомаи сафарӣ кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.   Аз ҷониби Пешвои миллат агрегатҳои рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами […]

Бештар

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳри Левакант.

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд. Парчами давлатии Тоҷикистон аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, дар маркази шаҳри Левакант парафшон карда шуд, ки баландии сутунпояи он 41 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии матои Парчам […]

Бештар

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи «Эҳсон» дар шаҳри Бохтар ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар бинои тарабхонаи “Эҳсон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои тарабхонаи “Эҳсон” дар маркази вилояти Хатлон дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Даврон Мирзозода дар масоҳати 1650 метри мураббаъ сохта […]

Бештар