ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА 72-ЮМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

Хабарҳо

Ҳамдиёрони  азиз!

Муҳтарам собиқадорони Ҷанг ва меҳнат!

Шуморо ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалаба бар ғаддортарин душмани аҳли башар-фашизми хонумонсӯз аз самими қалб ва бо арзи эҳтиром табрик намуда, ба шумо ва аҳли оилаатон рӯзгори осоишта, бахту иқбол ва комёбиҳои беназирро таманно намуда, ба  хонадони тоҶик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзумандам.

Ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯст ҷашни бузург ва хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро ин ғалаба – ғалабае мебошад, ки ба ивази садҳо ҳазор ҷони одамӣ ба даст омадаасту таҷлили он барои ҳар яки мо ифтихори бузург аст.

Дарвоқеъ, ноил шудан ба ғалабаи бузург натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи халқҳо ва намунаи набарди озодихоҳонаи халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан мебошад.

Ин санаи фархунда то имрӯз бештар бо номи «Ҷашни зафар» машҳур гардида, бо гузашти солҳо ва хусусан, вобаста ба густариши нооромиву бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра, аҳамияту арзиши он дар байни мардуми олам афзуда истодааст.

Ин санаи пурарзиши таърихӣ натанҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас ҳисобида мешавад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва аз асорату бадбахтӣ эмин нигоҳ доштани халқу миллатҳои собиқ шӯравӣ мебошад.

Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони набард сафарбар намуд.

Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Ин ҷанги хонумонсӯз ба сари мардуми диёри мо бадбахтиҳои зиёде овард. Чӣ қадар модаронро дар роҳи фарзандонашон чашминтизор намуд. Аз  ноҳияи мо низ зиёда аз 1630 нафар ҷавонон дар майдони набард, барои оромию осудагии Ватан ҷонбозиҳо намуданд ва аз онҳо  748 нафарашон дар мулкҳои мусофирӣ дар ҳарбу зарбҳо, ҷон супориданд.

Имрӯз мо – сокинони ноҳия аз он ифтихор дорем, ки фарзандони шарафманди диёрамон  якҷо бо дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ғалабаи бузург саҳм гирифтанд ва аз имтиҳони мудҳиши таърих бо сари баланд гузаштаанд.

Хуросониҳо дар ақибгоҳ ҳам дар солҳои ҷанг намунаи ибрат буданд. Шиору амали онҳо «Ҳама чиз ба фронт, барои ғалаба!» буду рӯзи корӣ чанд соат аст, намедонистанд. Беш аз 245 нафар номи «Ветерани ақибгоҳ»-ро гирифта, бо медал сарфароз гардиданд. Аз ноҳияи мо дар солҳои ҷанг 25000 тонна ғалла ба фронт фиристода шуда буд.

Ноҳияи Хуросон (он замон Даҳанакиик) дар мусобиқа барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти чорво  ва зироатпарварӣ соли 1942 дар Ҷумҳурӣ ғолиб дониста шудааст.

Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аҳамияти азими таърихӣ ва сиёсӣ дорад,  бори дигар нишон дод, ки халқу миллатҳои гуногун агар якдилу яктан шаванд, метавонанд ҳамагуна нерӯҳои бадхоҳи инсониятро саркӯб ва мағлуб созанд. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳоянд ва мо барои ҳифзи онҳо бояд ҳамеша омода бошем.

Аз ин рӯ ин санаи таърихӣ, яъне 72-юмин солгарди ғалаба бар фашизм, агар аз як тараф ҷашни пурифтихор бошад, аз ҷониби дигар моро гаштаю баргашта огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ дар саросари дунё, оромию осоиштагӣ дар хонаи умумиамон масъулияти бештаре дошта бошем.

Вобаста ба ин, таъкид бояд кард, ки дар кишвари мо кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, ки доғи ин ҷанги хонумонсӯзу даҳшатнокро дар пайкари худ эҳсос накарда бошад.

Хурду бузурги кишвар ҳамасола зимни таҷлили ин санаи таърихӣ аз афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшуда ёдоварӣ намуда, номи неки фарзандони шарафманди худро ба хотир меоранд ва гиромӣ медоранд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:- «Нӯҳуми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст, вале ҳамчунон санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд. Мо имрӯз дар назди хотираи тамоми қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меорем. Ёди онҳо ба хайр ва рӯҳашон шод бод!»

Аз ин хотир имрӯз мо назди собиқадорони ҷангу меҳнат сари таъзим фуруд меорем, зеро корнамоию қаҳрамониҳои онҳо барои насли имрӯза дарси ибрат мебошад. Шукрона аз он мекунем, ки ин пирони барнодил то имрӯз бо мо дар ҳаёт устуворона қадам гузошта истодаанд ва маслиҳатгару мураббии мушфиқи мо ҳастанду ҳидоятгарони боэътимоди Ҷавонон ба ватандӯстию муҳофизи он мебошанд.

Пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ҷонбозиҳо намудаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин ба онҳо ба таври доимӣ расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва дигар ғамхориҳои иҷтимоиро вазифаи асосии худ ҳисобида, дар ин самт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Мо ҳамеша таъкид месозем, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи ибрати ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқи тоҷик дар роҳи рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи марзу буми он дастури зиндаи амал ба шумор меравад.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ба ҷаҳониён бори дигар собит менамояд, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо омили асосии сулҳу субот ва бунёди рӯзгори орому осуда буда, танҳо бо саъю талоши якҷоя бар зидди нерӯҳои бадхоҳ мубориза бурдан мумкин аст.

Бахусус дар шароити ноором ва бисёр мураккаби имрӯза, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ бо мақсади тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии наслҳо ниҳоят муҳим мебошад.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чун сипари боэътимоди мамлакат бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падару бобоёни хеш дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон барои ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагии орому осудаи сокинон ҳамеша омодаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Рӯзи Ғалаба – рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд.

Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.

Бори дигар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва кулли мардуми ноҳияро ба ифтихори 72 – юмин солгарди Рӯзи ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи ҳамешагӣ орзу менамоям.

Ҷашни зафар муборак, ҳамдиёрони азиз!