Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт

Хабарҳо

ДУШАНБЕ, 24.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20-21 сентябри соли равон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори ҷаласа ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои лоиҳа- Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, сатҳи баланди шарикони рушд- Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, коршиносони Барномаи минтақавӣ оид ба ҳамкории энергетикӣ (Energy Links) ва Котиботи лоиҳа ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати тоҷикистониро дар ҷаласаи мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, дар ҳайати мазкур ҳамзамон муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода ва муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Саидзода шомил буданд.

Зимни ҷаласа паҳлуҳои гуногуни ҷараёни омодасозии Лоиҳаи CASA-1000 ва гузариш ба марҳилаи пурраи сохтмонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа 5 қарордод ба имзо расонида шуд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини назорат ва ҳамоҳангсозии иншооти ҷараёни тағйирёбандаи Лоиҳа қаблан байни ширкатҳои энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон ва ширкати Моненкои Эрон шартномаҳои дахлдор (дар алоҳидагӣ)  ба имзо расонида шуда буд.

Дар чорчӯбаи вохӯрии мазкур як зумра вохӯриҳои дуҷонибаю сеҷониба ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманди минтақавӣ бо шарикони рушд гузаронида шуд.

Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ ва имзои шартномаҳои пудратӣ дар тамоми қисматҳояш расман ба марҳилаи сохтмон гузашт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ва шарикони рушд бо такя ба таҷрибаи  муваффақи лоиҳаи CASA-1000 омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда дар соҳаи энергетика иброз намуданд.