ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ

Хабарҳо

     Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 номгуи иншоотҳо дар арафаи ин чорабинии сиёсӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр мавриди истифода қарор дода шуд.

     Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати шаҳраки Обикиик маркази хизматрасонии тиббӣ, ки соли 2017 сохтмонаш оғоз гардида, нимаи аввали соли ҷорӣ бо харҷи 85000 сомонӣ, маркази хизматрасонии тиҷоратӣ ва сартарошхона аввали ҳамин сол ба сохтмон шурӯъ карда шуда, дар зарфи 8 моҳ бо харҷи 75000 сомонӣ, инчунин маркази хизматрасонии «Эҳёи Аҷам» бо фарогирии ошхона, сехи дӯзандагӣ ва меҳмонхона соли гузашта ба сохтмон шурӯъ карда, нимаи дуюми ҳамин сол бо харҷи 351000 сомонӣ ба итмом расонида шудааст. Ҳамзамон аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаҳои Чорбоғ ду майдончаи хурди варзишӣ бо харҷи 275000 сомонӣ ва Хуросони Ҷамаоти деҳоти ба номи С. Айнӣ ду майдончаи хурди футбол бо иншоотҳои ёрирасони либоспӯшӣ ва ҳаммоми замонавӣ бо харҷи 300000 сомонӣ аввали ҳамин сол ба сохтмон оғоз намуда, нимаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ барои баҳрабардорӣ омода карда шудааст. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Бохтар дар ҳудуди деҳаи Меҳнати Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бинои дуошёнаи ошхонаи миллӣ бо тарҳи замонавӣ ва шароити муосири хизматрасонӣ, ки аввали ҳамин сол сохтмонаш оғоз гардида, моҳи августи соли ҷорӣ бо харҷи 207000 сомонӣ дар арафаи ин ҷашни бузург ба истифода дода шуд.

     Бояд махсус қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳоккияти давлатии ноҳия низ дар самти ташкилу иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳми назаррас дошта, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ соли 2017 барои бунёди бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ба корҳои сохтмонӣ шурӯъ намуда, нимаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ бинои хуштарҳу замонавии ҷамоатро бо харҷи 160000 сомонӣ барои мавриди истифода қарор гирифтан омода намуд, ки ин иншоот низ дар арафаи ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар меҳмонони олиқадр дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.