ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ХУРОСОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Хабарҳо

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Сафарзода Раҳматулло Хайрулло иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, даъвати панҷум, баргузор гардид.

Ба кори  иҷлосия раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло ҳусни оғоз бахшида, пас аз садо додани суруди миллӣ аъзоёни котиботи иҷлосия интихоб карда шуданд.

Дар иҷлосияи имрӯза муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон Саидзода С. «Оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Хуросон аз 28.12.2012 № 866 дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 08.12.2012, № 268 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи 2012, № 383 «Дар бораи Барномаи  ислоҳоти  кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» баромад намуд.

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Хуросон оиди рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 16 июли соли 2016, № 290 дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 31 марти соли 2016, № 73 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, № 53 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» гузориш дод.

Инчунин, маърӯзаи ҳисоботии муовини раиси комиссияи ноҳиявии интихоботӣ Мавлонов А. “Оид ба натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон”, ки рӯзи 16-уми сентябри соли 2018 баргузор гардидааст, ки дар он Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло вакил дар ҳавзаи  интихоботии Бандар № 29 ва Муродов Раҷабалӣ Одинахонович вакил дар  ҳавзаи интихоботии Хумдон № 31 ҳамчун вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон интихоб гардиданд шунида шуд.

Ба кори иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, даъвати панҷум бо тасдиқи якчанд қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия ҳусни анҷом бахшида шуд.

Баъди анҷоми иҷлосия раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло дар ҳузури роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию ҳизбӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот  доир ба корҳои созандигиву бунёдкорӣ суханронӣ намуда дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.