Ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2018 баргузор гардид

Хабарҳо

     Имрӯз ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон дар нуҳ моҳи соли 2018 баргузор гардид.

     Ҷаласаи навбатӣ, ки таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло доир гардид, муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

     Дар ҷаласа маърӯзаи ҳисоботии муовини якуми раиси ноҳия Саидзода Сайхуҷа оид ба натиҷаҳои тарақиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2018 шунида шуд.

     Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ аз ҷониби раиси ноҳия оид ба масъалаҳои дар рӯзнома ва музокирот баррасӣ гардида пурсида шуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

     Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида ва дастуру супоришҳои додашуда дар маҷлиси мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.

     Дар анҷоми ҷаласа ба фаъолон ва омӯзгорони ноҳия, Бобоев Искандар – корманди рӯзномаи ноҳиявии “Хуросон”, Ҷонибеки Саидаҳмад – корманди бахши фарҳанги ноҳия, Холиқова Гулчеҳра – омӯзгори муассисаи таълимии № 13, Норбоев Маҳмадқул – омӯзгори муассисаи таълимии № 18, Менглибоева Раъно – омӯзгори муассисаи таълимии № 38, ки баҳри пеш бурдани сиёсати ягонаи давлат дар соҳаи забон ва ислоҳот, рушду нумӯи соҳаи маорифи ноҳия ва таълиму тарбияи насли наврас хизматҳои шоиста карда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд, бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Ифтихорномаи раиси ноҳияи Хуросон сарфароз гардонида шуданд.