Табрикоти раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Р. Сафарзода бахшида ба “Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Хабарҳо

     Дӯстони гиромӣ !

     Ҳозирини арҷманд !

     Имрӯз аз рӯзи таърихии қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳамасола ҳамчун “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил мегардад нӯҳ сол сипарӣ мешавад.

     Бинобар ин ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадонатон  бахту саодат ва дар кору зиндагиатон сарбаландиву пирӯзиҳо орзумандам.

     Ҳозирини гиромӣ !

     Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

     Аз ин лиҳоз, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

     Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

     Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

     Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст.

     Дар натиҷа ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

     Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад. Мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд.

     Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад.

     Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он шароит фароҳам месозад, ки балоғат ва фасоҳати забон густариш ёбад, сохтори он такмил гардад ва инкишофи бонизоми он таъмин карда шавад.

     Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Забони давлатӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳими шуури миллӣ хизмат намуда, яке аз рукнҳои бунёдии худогоҳиву худшиносии миллӣ ба шумор меравад.

     Бинобар ин, моро зарур аст, ки аҳамияти забони давлатиро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон тарғиб намоем ва онҳоро бо нозукиҳои забон шинос намуда, сарвати маънавии халқи фарҳангпарвар будани онро ҳамаҷониба шарҳ диҳем. Зеро тафаккури миллии ҳар як шахс тавассути забони миллиаш рушд меёбад».

     Дар шароити муосир забони тоҷикӣ инчунин хусусияти баҳамоӣ ва ваҳдатофарӣ дошта, дар таҳкими тафаккури миллӣ ва ғояи ваҳдати миллӣ нақши барҷаста дорад.

     Боиси хушҳолии зиёд аст, ки имрӯз бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар сар то сари Тоҷикистони азиз ба ҳукми анъана даромада, мардум, бахусус наврасон ва ҷавонон кӯшиш карда истодаанд, ки сухангӯю сухандон бошанд.

     Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо бо як меҳру муҳаббати хоса, босадоқате, ки ба забони тоҷикӣ доранд, кӯшиш менамоянд меъёрҳои забони адабиро риоя карда, бо забони фасеҳу шоиронаи тоҷикӣ озодона ҳарф зананд ва фикру андешаҳои худро бо ин забонигӯшнавоз ва гуворову дилкаш озодона, равшану возеҳ баён созанд.

     Чунин эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки наслҳои оянда барои ҳифзу нигаҳбонии ин муқаддасоти миллиамон талош варзида, онро ба сифати меҳри мо дар қадрдонӣ хоҳанд  кард.

     Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат гирифта истодаанд.

     Ҳоло дар кишвари мо барои рушди забони давлатӣ ва тавсеаи мақоми он тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, яъне забони тоҷикӣ, ки ба он тибқи Конститутсия мақоми давлатӣ дода шудааст, таҳти ҳимояи доимии давлат қарор дорад.

     Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад.

     Мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем. Зеро забони тоҷикӣ асоси муҳимтарини ҳофизаи таърихии халқамон ба шумор рафта, забони тамаддун ва пояи тафаккури миллӣ ба шумор меравад.

     Ин арзиши миллиро нигаҳдорӣ кардан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ватандӯсту ватандори кишвари азизамон буда, бовар дорам, ки барои беолоишу бегазанд ҳифз кардан ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин забони гуворо ҳама якҷоя ҷаҳд менамоем ва рушди устувори онро таъмин мегардонем.

     Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва дар симои Шумо сокинони сарбаланди ноҳияи Хуросонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон сарбаландиву хонаободӣ ва ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидон орзу менамоям.

     Саломату сарбаланд бошед!

     Ташаккур ба диққататон!