Суханронии раиси ноҳияи Хуросон дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ

Суханрониҳо

     Ҳозирини муҳтарам!

     Ҷавонони арҷманд!

     Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҳар сол 5 – октябр дар саросари кишвари азизамон “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ботантана қайд карда мешавад. Имрӯз аз рӯзи таърихии қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нуҳ сол сипарӣ мегардад.

     Бинобар ин ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадонатон  бахту саодат, дар кору зиндагиатон сарбаландиву пирӯзиҳо орзумандам.

     Ҳозирини гиромӣ!

     Имрӯзҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канори кишварамон корҳои ободонию созандагӣ густариш ёфта истодааст.

     Дар ноҳияи мо низ сохтмони 172 адад иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва 11 адад иншооти дигар аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, алҳол  сохтмони биноҳои маъмурии шуъбаи маориф, Маркази адлия, Маркази ҷавонон дар маркази ноҳия, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фахробод дар Ҷамоати деҳоти Фахробод ва якчанд иншоотҳои дигари ҷашнӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.

     Ин иқдоми ватандӯстонаи Сарвари давлатро соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ намуда, имрӯз бунёди як адад варзишгоҳи марказӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ бо ду майдончаи варзишӣ бо харҷи беш аз 470 ҳазор сомонӣ ба итмом расонида шуда, айни ҳол таъмири   майдони варзишӣ ба маблағи 35 600 сомонӣ идома дошта, сохтмони як адад ҳаммоми замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

     Барои дар муҳлати хеле кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд намудани ин варзишгоҳ ба соҳибкори ватанӣ Қурбонов Умар ва сохтмончиёне, ки софдилона заҳмат кашидаанд, миннатдорӣ баён менамоем.

     Ҳозирини арҷманд!

     Инсони солим ҳамчун рукни мустаҳкаму пурзӯри миллат ва варзиш метавонад чун воситаи муҳиму муфиде  дар тарбияи ватандӯстӣ хидматгузори инсони ояндасоз ва дурнамои ҷомеаи солим бошад.

     Бо ҳамин мақсад, имрӯз рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бахусус тарғиби он дар байни наврасону ҷавонон дар мадди назари давлат қарор дошта, сол аз сол дар ҷалби оммаи васеи халқ ба варзиш ва дар баланд бардоштани маҳорату истеъдоди варзишгарон тадбирҳо андешида мешаванд.

     Мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим ба намудҳои гуногуни варзиш ва обутоби бадан эътибори зиёд медоданд.

     Бо дарназардошти ин, дар муддати беш аз 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳо рушди варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, ба хотири оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи варзишгарони ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

     Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ширкат варзида, соҳиби  17 медал, аз ҷумла  9 медали тилло , 4 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нисбати соли гузашта 2 адад зиёд мебошад.

     Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти асосии варзишгарони ноҳия набудани толорҳои варзишӣ ва дигар шароит барои машқу тамрин буд ва онҳо барои омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ бо монеаву камбудиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд.

     Ҳоло дар ноҳия 198 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла 3 адад  варзишгоҳ,  183 майдончаи варзишӣ, 12 толори варзишӣ, мавҷуд буда, сохтмони 1 адад майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ идома дошта, бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 1 адад толори варзишӣ ва 4 адад майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

     Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 таъкид доштанд, ки: “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

     Зарур аст, ки ба ин раванд соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ҷалб карда, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон майдону толорҳои варзишӣ бунёд карда шаванд».

     Ҳамдиёрони азиз!

     Варзиш дар ҳаёти аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон ҳамчун омили тавонои тарбияи ҷисму руҳи солим, инчунин, мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ, ташвиқи арзишҳои олии инсонӣ ва муҳимтар аз ҳама, таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад.

     Хотирнишон месозам, ки варзишгарон бо фаъолият ва кӯшишу талоши ватандӯстонаи худ бояд барои наврасону ҷавонон намунаи ибрат бошанд ва бо амалҳои некашон собит созанд, ки варзиш маънои нерӯмандиву солимӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад.

     Ман ҳамеша ба нерӯи ҷавонон ва ғуруру матонати варзишгарони ноҳия бовар дорам ва аз ҳар як дастовардашон ифтихор мекунам.

     Бо итминони комил изҳор медорам, ки варзишгарони  мо дар тамоми ҷабҳаҳои варзиш ба комёбиҳои нав ва натиҷаҳои назаррас соҳиб мешаванд.

     Орзумандам, ки Парчами Ватани азизамон ба хотири пирӯзиҳои варзишгарони бонангу номуси мо дар арсаи байналмилалӣ парафшон гардад ва сулҳу суботу дастовардҳои бузург насиби мардуми сарбаланди Тоҷикистон бошад.

     Дар охир ба ҳар яки шумо – ҳозирини арҷманд ва ҷавонону варзишгарони гиромӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи варзишгоҳро табрик гуфта, бароятон саломатӣ, қувваю бозуи рустамона, сарбаландиву хонаободӣ ва ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидон орзу менамоям.

     Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!