ҶАШНИ МЕҲРГОН

Хабарҳо

     Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёнтабор аст, ки монанди Наврӯз дар дарозои таърих гиромӣ дошта мешуд. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне тирамоҳ ба анҷом мерасидаанд.

     Бахшида ба ин ҷашни таърихӣ дар боғи истироҳатӣ ва фарҳангии ноҳия намоиши маҳсули дастранҷи кишоварзон, аз ҷумла, сабзавоту меваҷот ва полизӣ баргузор гардид.     Озмунҳои ноҳиявии “Ошпази беҳтарин” ва “Кадбонуи беҳтарин”, ки ба хотири ба як ҷашни пур аз шодию сурур табдил додани Меҳргон ташкил шуда буданд, бисёр ҷаззобу тамошобоб сурат гирифтанд.

    Дар озмуни “Кадбонуи беҳтарин”, Дустова Ҳабиба – корманди беморхонаи марказии ноҳия, Иброҳимова Сафарбибӣ – истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Обикиик ва Бобоева Рухсора – истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.

     Зимни озмуни “Оши палов” шуъбаи маорифи ноҳия – ҷойи якум, Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ҷойи дуюм ва корхонаи сохтмонии ноҳия (ПМК-7) ҷойи сеюмро ишғол намуда,аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мукофотонида шуданд.