Лоиҳаи Консепсияи хурофотпарастӣ ва вопасгароии ТТЭ ҲНИ-2018

Хабарҳо

Кӯри Саидюнус дар сомонаи «Кимиёи саодат» бо номи «Лоиҳаи консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ – соли 2013» хабаре ба нашр расонидааст (20.11.18  ksaadat.com), ки кӯшиши беҳуда барои ҳизби коромад вонамуд кардани наҳзати террорманиш  мебошад.

Ҳизбе ки   тавони сиёсиаш дар маҳдудаи сомонаи «паём.нет» олуда шудааст. Ин ҳам бинобар нафспарастии наҳзатиҳо ва беибо хурдани сармояи байтулмол аз ҷониби раҳбарият ва раёсати ба ном шурои олии ин ҳизб, ки ба таври истисноӣ аз хешутабори Кабирӣ иборатанд, мебошад.

Лоиҳаи пешазинтихоботӣ бошад, на дар кунҷи таҳлил меғунҷад ва на тобиши воқеӣ дорад. Тасаввур кунед, мисли тамоми корҳои ҲНИ, ки заминаи аз байн рафтани низомро барномаи ҳизбии худ  мепиндоштанд, ин лоиҳаи заъиф ва бемоя, заминаи як навъ инқилобро дар ҷомеа ҳукмфармо мекард.

Чун ин лоиҳа дар арафаи табаддулоти ҳарбии соли 2015 таҳия шудааст, тахмин меравад, ки ТТЭ ҲНИ мехостааст бо роҳи дар марҳилаи аввал «сулҳомез», вале дар амал тахрибкорона, рифоҳу осоиштагиро дар чомеа аз байн бибарад. Дар таҳияи ин лоиҳа дасти дарози хоҷагони охундиашон бармало эҳсос мешавад. Зеро бо ин ақлакҳои сатҳинигари наҳзатӣ, ки террор ва ғорат ҷузъи маниш ва ботини онҳост, наметавон ин гуна ҳуҷҷатҳо навишт.

Ба худ ислоҳотхоҳ ном гузоштан, фиреби назар ва бешармии рӯирост аст. Ин ҳизб аз оғози фаъолияташ бо хуну хасм гиреҳ хӯрдааст. Онро ба ҳеч сурат наметавон ислоҳотхоҳ  донист. Ислоҳоти онҳо дар ҳадду сарҳади чигунагии тақсимоти кулух маҳдуд мешавад. Ислоҳотро дар решаёбии динӣ мебинанд ва чун зоҳирпарастони асримиёнагӣ, тарзи пӯшиш ва кӯшиши якҷонибаи мазҳабиро дар хизмати парвариши ақидаи пуч гиреҳ медиҳанд.

Ҳатто, дар Ғарби технологӣ рафта, ҳамин пучандеширо роиҷ сохтаанд. Ришҳои дароз, либосҳои сиёҳи аҷнабӣ, ишораҳои сарнагунии ниҳодҳои ҳукуматӣ  ҷузъи барномаи ислоҳотхоҳии ТТЭ ҲНИ-2018 мебошад. Дар ин қофилаи гадоманишон, ҳама балвогарон ҷамъ омадаанд, ки иборатанд аз наҳзатиҳои ифротӣ, равшанфикрони торикфикр, салафиҳои гузаро, аҳмадиҳои аслбохта, демократҳои шӯришӣ, чапгароҳои ошӯбгар ва балвогарони ростгаро. Ҳамчун ҷузъи хушгузарониҳои ҳизбӣ, раққосаҳое ҳам дар радифи онҳо худро норози Ҳукумату ранҷида метарошанд, то ҷоизачае аз гардонандагони ба ном «созмонҳои ҳуқуки башар» касб кунанд. Хуморак бишкананд, нафси кабираи худро поён бибаранд.

Ишора: Лоиҳаи вопасгарои нерӯҳои вайронкори ТТЭ ҲНИ 20 ноябри соли 2018 дар атрофи ш.Австрия қабул шудааст ва ҳадафи он яктост:ба бероҳа бурдани чомеа. Ал-ҳазар аз ин лоиҳакашони ҷангҷӯ. Ал-ҳазар аз террористони гузаро. Ал-Видоъ, оппозитсияи ҷангӣ-фирорӣ, якумр гурезаву ҳиҷратдӯст.

Ба кӯри Саидюнус бошад,чун сатҳи соҳаи тибби тоҷик боло рафтааст, ҳатто Эйбӣ, сарояндаи эронӣ аз Ғарб барои муолиҷа ба Душанбе омадааст, пешниҳод мешавад, чашми нобиноятро ройгон чарроҳӣ кунем. Чун ба воқеаҳои ҳаёти чомеа дурусттар зеҳн биронӣ.     

 

Асаров Меҳрубон, таҳлилгар.