Иҷлосияи навбатӣ баргузор гардид

Хабарҳо

Рӯзи 24 декабри соли 2018 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум) баргузор гардид.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин :

1. Ҳисоботи раиси ноҳияи Хуросон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳияи Хуросон дар соли 2018  ва вазифаҳо барои соли 2019».

2. Дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2018 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2019 .

3. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои соли 2019.

4. Масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба музокираи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия  мудири шуъбаи маориф Олимзода С., раиси Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ Бобокалонов М. ва мудири бахши САҲШ Нуриддинзода С.  баромада, дар бораи натиҷаи тараққиёти иҷтимоӣ – иқтисодии соҳаҳои худ ҳисобот доданд. 

Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон (даъвати панҷум) директори Маркази Стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон Сайдализода Ҷӯрахон иштирок ва баромад намуданд.