Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шударо якдилона қабул намуд

Хабарҳо

ДУШАНБЕ, 22.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабри соли 2018 Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 73-юми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» -ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои СММ пешниҳод шуда буд, якдилона қабул намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд тазаккур дод, ки қатъномаи мазкур дар доираи ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардиданди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 21 декабри 2016 қабул гардид, таҳия шудааст.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардид. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 22 марти соли 2018 шурӯъ гардида, то 22 марти соли 2028 идома меёбад.

Бо қабули лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» масъалаҳои мубрами вобаста ба обро фарогир мебошад. Аз он ҷумла, дар қатъномаи мазкур аҳамияти махсуси захираҳои об барои рушди устувор ва бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ ва гуруснагӣ, таъкид гардидааст. Инчунин дар қатънома бо изҳори нигаронӣ зикр шудааст, ки яке аз омилҳои асосии норасоии оби нӯшокӣ дар тамоми ҷаҳон тағйирёбии иқлим буда, зарураи таҳияи стратегияи мувофиқакунӣ (адаптатсия) ба раванди тағйирёбии иқлим барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об пеш омадааст.

Дар қисми амалии қатънома зикр шудааст, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» баргузор мешавад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки зимни конфронси мазкур дар баробари мушкилоти вобаста ба захираҳои об, аҳамияти махсус ба масъалаҳои рушди устувор ва идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, татбиқ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои марбута, таҳкими ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои обӣ дода мешавад.

Ҳамчунин аз Раиси Маҷмаи Умумии СММ даъват ба амал оварда шудааст, ки бо мақсади амали гардонии ҳадафҳо ва вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва ҷиҳати дастгирӣ намудани Даҳсола моҳи марти соли 2021 ҷаласаи сатҳи баландро баргузор намояд.

Илова бар ин, дар қатъномаи мазкур омадааст, ки барои дастгирии шарҳи татбиқи Даҳсола, машваратҳои минтақавию ҷаҳонӣ баргузор шуда, ба Дабири кулли СММ ваколати ҳамоҳангии ин раванд бо ҷалби ниҳодҳои тахассусии СММ вогузор карда шавад.

Қатъномаи мазкур аз давлатҳо, созмонҳои байниҳукуматию ғайридавлатӣ, ниҳодҳои молиявӣ, бахши хусусӣ, дигар тарафҳои ҳавасманд ва маблағгузорон даъват ба амал овардаст, ки ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мусоидат намоянд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал метавонад заминаи муҳим ва саривақтро ҷиҳати баррасӣ ва мубодилаи афкор дар соҳаҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба захираҳои об фароҳам оварда, давомдиҳандаи шоистаи нахуст конфронси СММ оид ба масъалаҳои об, ки дар соли 1977 дар шаҳри Мар Де Плате (Аргентина) танзим шуда буд, гардад.

Конфронсҳои сатҳи баланд, ки ҳар ду сол аз ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал баргузор мегарданд, ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обӣ ва расидан ба рушди пойдори ҳамаҷониба саҳми муҳим хоҳанд гузошт.