Сомонаи «паём.нет», ки минбари ифротиҳост, изҳороти беасосро дар бораи манъ намудани ҳиҷоб ва рӯсарӣ паҳн намудааст. Аз номи ҷамъияте бо номи «Нур», ки хилофи номаш дар ҷомеа торикиву зулмотро ривоҷ медиҳад, дар байни мардум либоси бегонаро таблиғ мекунад, мавқеъгирии беасосро ҳамчун меъёрии калидии либоспӯшӣ, қарор додааст.
Аз рӯйи маълумоте ки мухбиронамон расонданд, ин ҷамъият мансуби хешутабори собиқ раҳбари ҳизби террористӣ мебошад, сабқатро барои раҳбарӣ бо авлоди фитнагари «ал-файзободӣ» бохта, «айби Исоро аз Мӯсо мегирад».
Агар сари матлабе ки «Нур» изҳорот додааст баргардем, занҳои бовиқори кӯҳистони тоҷик ҳеҷ вақт сарулибоси бегонаро намепӯшиданд ва ба парешонии фарҳанги миллӣ новобаста аз дур будан марказҳои маъмурӣ, қасдан роҳ намедоданд.
Меросхӯрони ақидаи ифротият, ки Ғарбро макони фатво ва мавъизаҳои беасоси динӣ қарор додаанд, дар ҷойи тавсеаи донишу биниш миллӣ, ба густариши зоҳирпарастӣ ва уқдапароканӣ дар ҷомеаи ғарбӣ даст задаанд, ки ба ҳеҷ сурат қобили қабул нест. Ҷомеаи ғарбӣ дастикам 500 сол пеш аз панҷаи «мулло»-ҳои инкивазатории насронии худ раҳо гашт ва барои тавсеи улуми муосир роҳ кушод, саноатро инкишоф дод, аз ҳама асосаш ба инсон болу пари озодӣ овард, ки дар асари парвози андешаҳояш дунёро бо техникаву технология тасхир кард.
Ин муллоҳо ва авлоди аз дасти масъулият фирор кардаашон, ба зоҳири масъала ғӯта зада, тавсияи мавлоноро, ки «Мо бурунро нангарему қолро, Мо дарунро бингарему ҳолро» ба тоқи нусрати беандешагӣ гузошта, таблиғгари фарҳанги бадавӣ гаштаанд. Он ҳам дар олами кӯхан, ки худ аз башараи ин кӯтаҳандешон безор аст ва ҳамчун сарбории буҷаи давлатиаш онҳоро то рӯзи мабодо нигоҳ медорад. Ин резахӯрони хони мардуми бегона, бо як виқори бемислу монанд, ба мардуми тоҷик насиҳатгӯ ва маслиҳатгар шудаанд. Гуфтаи ҳакимони тоҷикро фаромӯш кардаанд, ки аз ғулому гадо маслиҳат намепурсанд, зеро онҳо дар фикри шиками гуруснаи худ, тавони андешидани ому томро надоранд. Ин меҳмонони нохондаи дари мардум, ба худ чуръат медиҳанд ва худро «нухбаи динӣ» медонанд, ба сарулибоси мардум часпидаанд. Дар Тоҷикистон буданд, вусъати андешаи онҳо «кулӯх» ва «санг» ва «истинчоб» буд. Ҳоло ки гамбургерхӯр шуданд ва миллионҳо доллари «Олами кӯдакон»-ро ба хориҷи кишвар интиқол доданд, сатрхоҳу ҳиҷобпӯш шудаанд. Роҳи хоҷагони олами истеъморашонро дар кишвар мехоҳанд бо даъвоҳои беасоси либоспӯшии занон рӯпӯш кунанд. Ҳатто ин авлод мардумро гумроҳу галӯ меҳисобанд. Агар ин қадар ҳиҷобпӯшу сиёҳпӯш шудан мехостед, чаро аз кишвари охундӣ, ки саросар олами занҳоро ба ҷаҳаннам табдил додааст, онҳоро сиёҳпӯш кардаст ба Ғарб сарозер шудед? Ғарбе ки дар тасаввури маризи шумо «дор-ул-ҳарб» аст ва мардумаш гунаҳкору осӣ. Барои чӣ он чӣ худ намеписандед, ба дигарон раво мебинед?
Чӣ тавре ки тарроҳ (дизайнер) Комрони Сулаймонов изҳор медорад: «Аввалунсури фарҳанги миллӣ зебоипарастист, меъмории зебо, либоси зебо, муҳити зебо ҳама дар маҷмуъ тасвири пурраи миллатро ба армуғон меорад. Душманони миллат муҳити зебои моро ба мотамкада табдил доданӣ ҳастанд. Ранги сиёҳ ранги ДОИШ аст, ранги сиёҳ ранги марсияҳои мотамист. Гӯристон ранги сиёҳро талаб мекунад. Ҳаёт ранги нишоти зиндасози сафедро мепазирад. Рӯймол, рӯйсарӣ, соба, дока ва тоқиҳои занона, худ сатри аврат аст ва ҳеҷ ниёзи мубраме барои содир кардани либоси бадавӣ нест. Ҳиҷоб моли бегона аст, ки он «бегона»-ҳо ҳам аз пӯшидани он безоранд». Шумо фирориҳои ифротӣ, «…роҳгардии зоғро ёд мегирам гуфта, роҳгардии худро гум кардаед», ҳарфу сухани шумо дигар асар надорад, ё шумо аз ҷамъияти «нуред» ба ё бенур».
Умед аст, ки мақомоти кишвар бо огоҳии комил қарор ва қонунҳоеро ба тасвиб мерасонанд, ки бо фарҳанг, мазҳаб ва дину ойини миллат ва мардуми кишвари азизамон мутобиқат карда ва бароӣ пешрафти мардум, кишвар ва давлатамон мусоидат намояд. Либоси миллӣ беҳтарин ҷавоби дандоншикан ба фаъолияти зиддимардумии шумо тундароҳо мебошад.
Фирдавс Комронов, тарроҳи либос.