Истиқболи Соли нави мелодӣ  дар ноҳия

Хабарҳо

Ба мо мусаллам аст, ки ҷашнгирии Соли нави мелодӣ аз қадим ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин хотир Соли нав дар тамоми дунё бо шукуҳ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Аслан  то наздик  омадани ҷашни Соли нав мардумро бо табъи болида ва чеҳраи хушу хурсанд мебинем. Ҷашнгирии Соли нави мелодӣ ба мисли ҷашнҳои қадимаи Садаю Меҳргон ва Наврӯз умеду орзуи одамон ва пурфаёзу пурбаракат будани солро инъикос менамояд. Бинобар охири моҳи декабр мардум аз омад – омади Соли нав пурҳаяҷону пуртараддуд менамоянд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистони азизи мо дар шаҳру ноҳия ва дар ҳар корхонаю ташкилот ҳамчун рамзи Соли нав арчаҳои сарсабзу зебо ва ороишдода гузошта шудаанд. То рӯзи ҷашни Соли нави мелодӣ  дар маркази ноҳия арчаи калони сабзу зебо ороста шуда, мардум дар гирди он хурсандӣ доранд.

Тибқи супориш ва нақшаи  чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашн «Соли нави 2019» хиёбону гулгаштҳо, биноҳои ташкилоту  идораҳо, маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо арча  ва дигар рамзҳои солинавӣ, шиору овезаҳо оро дода шудааст. Тибқи ҷадвали гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба «Соли нави 2019»  дар давра аз 25 то 31 декабри соли 2018, дар майдони марказии ноҳия ташкилоту муассисаҳои ноҳия барномаҳои Солинавии худро гузаронида истодаанд.

Рӯзи 25 декабр дар гирди арчаи Солинавӣ кормандони Ҷамоати шаҳраки Обикиик ва шуъбаи маориф барномаи солинавии худро намоиш доданд. Дар ин барнома хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, зиёиёну фаъолон, аҳли фарҳанг ва намояндагон ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ иштирок намуданд.

Аҳли Ҷамоати деҳоти Фахробод,  хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии № 3 бо суруду таронаҳои дилкаш ва саҳначаҳои ҷолиб ва рақсу бозиҳои гуворо хотири тамошобинонро рӯзи 26 декабр болида гардониданд.

Рӯзҳои 27 декабр Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ бо муассисаи таълимии  № 10, 28 декабр Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ бо таълимгоҳи № 4, соҳаи тандурустии ноҳия рӯзи 29 декабр, муассисаи таълимии № 8 бо Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод субҳи рӯзи 30 декабр ба мардуми ноҳия беҳтарин суруду рақсҳои дилнишин, бозиҳои солинавӣ, саҳначаҳои ҷолиби диққат  пешкаш намуданд.

Ҷашни солинавии ноҳиявиро аҳли фарҳанги ноҳия бо як шукуҳу шаҳомат ва рангорангии  дилчасп  шоми рӯзи 31 декабр таҷлил карданд, ки дар он тамоми мардуми санъатдӯсту сулҳхоҳи  Хуросон иштирок намуданд.

Тошмаҳмад Давлатов

мутахассиси бахши

фарҳанги ноҳия