Кабирии босмачӣ

Хабарҳо

Аз таърих ба мо маълум аст, ки Иброҳимбек яке аз сардорони дастаи босмачиҳо буда, зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки босмачиҳо моли мардумро ғорат карда одамонро хонавайрон мекарданд. Имрӯзҳо бошад роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо аз сомонаҳои интернетӣ баромад карда, босмачиёнро ҳимоя мекунад.

Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, ақидаҳои ғаразноки худро нисбати давлати мо иброз намуда суботу оромии кишвари моро халалдор кардан мехоҳад. Муҳиддин Кабирӣ бояд донад, ки саҳифаҳои таърихро нав карда намешавад. Ӯ босмачиҳоро дастгирӣ карда, аз онҳо қаҳрамон месозад. Оё ӯ медонад, ки дар қарни гузашта ҳоли мардуми Тоҷикистон аз дасти босмачиён чӣ қадар талафоти ҷонӣ дида буданд. Ӯ аз таърих огаҳӣ надорад. Вақте ки Муҳиддин Кабирӣ онҳоро ҳимоя мекунад, худ низ ба босмачӣ табдил меёбад.

Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа супоришҳои хоҷагони хориҷиашро ба анҷом мерасонад, аммо кору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар таърихи Тоҷикистони навин қаҳрамонони саҳифаҳои сиёҳ мебошанд.

Мардум дубора ба гуфтаҳо ва ақидаҳои иғвоангезандаи ӯ бовар намекунад. Тоҷикистон устувор гашта, мардуми сарбаландаш сиёҳро аз сафед ҷудо мекунанд.

Мо пайваста сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ягон ашхос ба сиёсати дохилии кишвар таъсири манфӣ расонида мардумро халалдор намояд. Ҷавонони имрӯза пайрави Пешвои миллат буда, истиқлолияти давлат ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем.

Саркорбобоева М. – аъзои маҳфили “Сиёсат ва ҷомеа”