ИДЕЯИ ДАВЛАТИ ТЕОКРАТӢ – ИДЕЯИ БУНБАСТӢ

Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад. Continue Reading

Наврӯз ва ифротгароӣ

Наврӯз оғози фасли баҳор ва соли нави миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз тамоми наботот аз нав ҷон гирифта, рушду нумӯъ мекунанд ва табиат пас аз хоби зимистонӣ дубора эҳё машавад. Наврӯз аз ҳар чизи сохтаву бофта, дурӯғу буҳтон ва қалбакӣ орӣ асту ҳазар дорад. Continue Reading

Наврӯз

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми тоҷиктабор ва як қатор кишварҳоест, ки дар фарҳангу тамаддунашон инсонсолорӣ ва зиндагидӯстист. Ин ҷашни куҳансол ба навиштаи муҳаққиқон таърихи на камтар аз шаш ҳазорсола дорад. Наврӯз, ҷашни ҷаҳонӣ аст, зеро рӯзи шодмонии замин, осмону офтоб, шукуфтанҳост. Continue Reading

Наврӯз – ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд. Дар ин бора донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осорулбоқия» бо истинод ба Алӣ бинни Яҳё меоварад, «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Дар асари дигараш «Ал-тафҳим» менигорад: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросимҳои гуногун, аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Дар баъзе асарҳои куҳан, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст.

Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашомату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёконамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорати ориёитаборон аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебо даст накашидаанд. Бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигаҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд.

Дар бораи ҷашни Наврӯз ривояти зиёде мавҷуд аст. Масалан, Берунӣ дар «Алосорулбоқия» зикр мекунад, «Оварданд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадия бурданд. Он ҳазрат пурсид: «Ин чист?». Гуфтанд: «Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?». Фармуд: «Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, бимиред, пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст». Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд» (Алосорулбоқия, с. 230). Чунин ривоятҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз ҳамчун ид дар замонҳои қадим ҷашн гирифта мешуд ва иди лоиқи ҷашнгирӣ буд.

Рустам Раҳимов Continue Reading

НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ВА МАРҲИЛАБАНДИИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ (БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ)

Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Муфассал…

Саркардаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди ҶҚ Роза Усарова аст

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон миёни сокинони деҳаҳои сарҳадӣ ҷанҷолу задухӯрди ҷиддии гуруҳӣ ба миён омадааст, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Муфассал…

Тожикистон Республикаси Миллий хавфсизлик давлат комитети Чегара қӯшинлари Бош бошқармаси матбуот маркази изҳороти

Тожикистон Республикаси Миллий хавфсизлик давлат комитети Чегара қӯшинлари Бош бошқармаси матбуот маркази 2019 йилнинг 13 март куни Исфара шаҳрининг Ворух минтақасида икки томонлама келишувларга зид ӯлароқ, Қирғизистон томони «Коктош-Оқсой-Тамдиқ» йӯл қурилишини бошлаганини хабар қилади. Continue Reading

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13 марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуданд.
Муфассал…

Озмун

Э  Ъ  Л  О  Н !

 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои ишғоли мансабҳои  холии  зерин  озмун  эълон  менамояд

Муфассал…

ПРОКУРАТУРА – ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихи худ ба ҷаҳониён намунаи олии давлатдориро муаррифӣ намудааст, ки мисоли он давлати Сомониён ба шумор меравад. Ин давлати бузург бо нобиғаҳое, ки дар он ба сар мебурданд дар ташаккули тоҷикон ҳамчун миллат, рушду нумӯи фарҳангу адабиёти ин миллат нақши муҳим бозидааст. Вале кашмакашиҳои дохилӣ, ки аз мухолифатҳои қавмиву мазҳабӣ маншаъ мегирифтанд, тангбиниву хоинӣ ва душманӣ асоси заволи ин давлати тоҷикон гаштанд.

Муфассал…