Тоҷикистон дар минтақа дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад

ДУШАНБЕ, 11.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм қарор дошта, дар ин самт дар кишвар пояҳои меъёрию ҳуқуқӣ тақвият дода шудаанд. Ин матлаб дар ҳамоише дар Душанбе вобаста ба масъалаҳои актуалии пешгирии терроризм ва экстремизм баён гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти […]

Continue Reading

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:

Continue Reading

Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумрук тағйирот ворид менамояд

ДУШАНБЕ, 11.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоянд. Ин ва дигар масъалаҳо дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуданд.

Continue Reading

Беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 11.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.

Continue Reading