Акбар Шариф соли 26-уми феврали соли 1963 дар ноҳияи Панҷи вилояти Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Аз моҳи августи соли 1994 то моҳи майи соли 1995 муовини сардабири ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» аз 7-уми августи соли 1995 муҳаррири барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон буд.
Акбар Шариф нависанда, рӯзноманигор ва олими тавоно буд. Ӯ дар баробари корҳои илмӣ – эҷодиаш ҳамчунин, барои бедории сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамеша талош менамуд. Акбар Шариф аз хӯрдӣ ба рӯзноманигорӣ шавқу рағбати самимона пайдо намуда буд. Ӯ ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ дар дафтари махсуси худ мавзӯъҳои мавриди алоқаашро дар он қайд менамуд. Устодонаш аз вай бо қаноатмандӣ ёд мекарданд. Ба гуфти баъзе аз ҳамкорон, замоне ки якумин маротиба мақолааш дар ҳафтанома ба нашр расид, шавқи пурэҳсоси рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ дилашро фаро гирифта буд. Аз ҳамон вақт сар карда тасмим гирифта буд, ки рӯзноманигор ва нависандаи касбӣ шавад. Аслан вай мехост ӯро ҳамчун рӯзноманигор шиносанд. Ба гуфтаи худи Акбар Шариф, ки мегуфт: «Рӯзноманигорӣ набояд бо навиштани чанд мақолае мадуд шавад». Ба дарки ӯ рӯзноманигорӣ яъне, бо мардум будан аст. Дар шодиву ғами халқи тоҷик рӯзноманигор бояд шарик бошад. Акбар Шариф гарчанде ҷавон буду на он қадар сини калон дошт, нисбати касбаш чунин хулосабарорӣ намуда мегуфт: «Рӯзноманигор аз халқ асту халқ аз рӯзноманигор».
Акбар Шариф касбашро хеле дӯст медошт. Ӯ бо дарки амиқи масъулияти касбияш аз фаъолияташ ифтихор мекарду аз интихоби касби дар пешгирифтааш изҳори қаноатмандӣ мекард. Акбар Шариф зарурати шадиди фаъолияти рӯзноманигорӣ ва нависандагиро дар солҳои бесарусомониҳои шаҳрвандӣ амри зарурӣ ва саривақтӣ меҳисобид. Ҳама роҳбарон ва ҳамкорон таҳсинаш мехонданд. Ин рӯзноманигори ҷавон мушкилӣ ва сабабҳои он ҳама бетартибиҳоро дарк карда, дар фаъолияти худ мардумро ба сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва хештаншиносӣ даъват менамуд. Дере нагузашта Акбар Шариф дар ҷаҳони расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ машҳур гашт. Қаламаш нисбати ноадолатиҳои гурӯҳҳои силоҳбадастони худхоҳу ғаддор шамшери тезу бурроро мемонд. Гарчанде дар он солҳо ҳама чунин иродаро надошт, вале ӯ хеле собитқадам ва шуҷоъу боирода буд. Шуҷоати адабии ӯ ҳамкоронашро дар ҳайрат мегузошт. Акбар Шариф чанд маротиба аз тарафи гурӯҳҳои зери танқидаш қарордода таҳдид таҳдидҳо ҳам пай бурда буд. Вале ӯ аз муборизаи қаламӣ даст накашид. Баръакс, акнун вай дарк мекард, ки муборизааш бо чунин афроди тахрибкор натиҷае додаст.
Акбар Шариф дар муҳити кораш бо устодон, ҳамкорон ва шогирдонаш хеле боадабона рафтор мекард. Бархе ҳамкоронаш ҳадс мезананд, ки баъзан вақт Акбар Шариф хеле табиати шӯх дошт. Аммо дар фаъолияти касбияш хеле ҷиддӣ муносибат мекард.
Акбар Шариф ҳамчун рӯзноманигор дар дигар ҳафтаномаҳо низ мақолаҳояш ба нашр мерасиданд. Вай фаъолияти касбии хешро дар ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» оғоз кардааст. Ӯ аз аввали фаъолияташ вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии мардум дар мақолаҳояш инъикос мегашт.
Акбар Шариф шахси бомаърифат, худогоҳ ва хештаншинос буд. Вай ҳамеша халқи тоҷикро ба адами бегонапарастӣ даъват менамуд, ки дар солҳои растохези ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳҳои манфиатҷӯи хориҷӣ фаъолияти тарғиби ғояҳои сиёсӣ ва фарҳангии худро то ҳад ҷоннок менамуданд. Шодравон хеле рӯзноманигори зиндадил буду ба ояндаи миллати тоҷик беандоза хушбин
Соли 1996 бо фармони роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба ҳалокат расонида шуд.
Акрамов Рустам. сокини ш. Душанбе