КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Хабарҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои самарабахшеро ба сомон расонида истодаанд.  Дар маркази ноҳия  рӯзи 28 феврали соли равон  лӯлаи  46 метраи Парчами давлатӣ ва лӯлаи 22 метраи Нишони давлатӣ  насб карда шуд.