ЗАН  ФАРИШТА  АСТ

Хабарҳо

«Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем» Эмомалӣ Раҳмон.

Бо мақсади татбиқ намудани Барномаи давлатӣ дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3.12.1999, № 5 «Дар бораи баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа», Барномаҳои давлатии  марбут ба масъалаҳои  таҳкими нақш ва манзалати занон дар ҳаёти  ҷамъиятӣ, иҷрои  саривақтии Стратегияи  фаъолгардонии нақши занон, ба  шуѓл фаро гирифтани занон ва беҳтар намудани  сатҳи маърифатии ҳуқуқии онҳо бо дастгирии раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста тадбирҳои судман андешида мешавад.

         Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар ноҳияи Хуросон 110 ҳазору 300 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 55 ҳазору 372 нафарашон занон мебошанд ва 50,2%-ро ташкил медиҳанд, ки нисбати соли гузашта 1296 нафар занон зиёд мебошанд. Вобаста ба иҷрои масъалаи зикргардида имрӯз дар мақомоти роҳбарикунанда 192, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 8 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  4 нафар, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 4 нафар, ташкилоту  муассисаҳои ноҳия бештар аз 1403  нафар  занон фаъолият карда  истодаанд.

         Айни замон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои  олии кишвар   86 нафар донишҷӯён таҳсилот  менамоянд, ки  аз ин шумора 46 нафарашон духтарон мебошанд. То имрӯз дар захираи кадрии кадрҳои роҳбарикунанда бештар аз 6 нафар занону духтарони лаёқатманд ва дар захираи  кадрии бахши кор бо занон 26 нафар занону духтарон ворид карда шудаанд. Инчунин аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 5 нафарашон ва аз 170 нафар вакилони Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 25 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давра 2 нафар зан зиёд мебошад.

Ҷиҳати  дастгирии занони соҳибкор ва фароҳам  овардани фазои  мусоид барои рушди  муътадили соҳа имрӯз дар ноҳия корҳои  хуберо ба  сомон расонидаанд. Натиҷаи  ин ѓамхориҳо – соҳиби Гранти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гардидани  соҳибкор Исломова Саидбегим, Ҷабборова Гуласал соҳиби Гранти ҷумҳуриявӣ «Паррандапарварӣ»,  Абдуллоева Зирагул соҳиби Гранти вилоятӣ «Таъсиси сехи хурди мебелсозӣ» ва Асомиддинова Муҳайё соҳиби гранти вилоятӣ «Дӯзандагӣ» гардиданд, ки  алҳол онҳо фаъолият карда истодаанд.

         Вобаста ба ин масъалаи мазкур  дар соли  2018 як нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ – Файзалиева Шукрона соҳиби гранти Президентӣ гардидааст, ки алҳол фаъолияташро оѓоз накардааст ва инчунин доир ба ин мавзӯъ соли 2018 ба  3 нафар занони  хонашин ва соҳибкор: Абдулмуминова Рӯзой (шуѓли хонагӣ) сехи дузандагӣ, Музаффарова Зулайхо (шуѓли хонагӣ) сехи дузандагӣ ва Асомиддинова Муҳайё сехи дузандагӣ, гранти раиси ноҳия  ба маблаѓи  3 ҳазор сомонӣ (ҷамъ  9 ҳазор сомонӣ) ҷудо  карда шудааст, ки айни замон 14 нафар занон бо кори  доимӣ таъмин гардидаанд.

         Вобаста ба солимии занону духтарон дар ноҳия Маркази солимии репродуктивӣ низ фаъолияти худро  ба роҳ мондааст. Бо мақсади  пешгирии ҳамли номатлуб, бемориҳои  сироятии масъунияти бадан ВИЧ/СПИД омӯзишҳо ташкил намуда, Маркази  машваратӣ бо занони ҳомила бештар аз 72 маротиба, бо занону духтарони хонашин, хонандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯриву суҳбатҳо доир намудааст.

         Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкории тарафайн бо ташкилоти ҷамъиятии «Маърифат», Ташкилоти ҷамъиятии  Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи  зӯроварии оилавӣ зиёда аз 10 маротиба семинар – машварати аҳамияти тарбиявидошта дар мавзуъҳои  «Зиндагӣ – бе зӯроварӣ» ташкил карда, ба шаҳрвандон хизматрасонӣ ва  маслиҳатҳои  ҳуқуқӣ ба 183 нафар аз инҳо 166 нафар зан, 17 нафар мард, маслиҳати  рӯҳӣ ба 141 нафар, аз инҳо 128 нафар зан, 13 нафар мард ва зиёда аз 24 маротиба вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида шудааст.

         Баҳри пешгирӣ намудани  зӯроварии хонаводагӣ ва бо мақсади  иҷрои қарори раиси ноҳияи Хуросон аз 9 июли соли 2014, № 395 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, № 111 «Оид ба қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи  соли 2014, № 294 «Дар бораи  Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахш як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Занону  бонувони азизи ноҳияро ба фаро расидани баҳори нозанин ва «Рӯзи  модарон» самимона шодбош гуфта, бароятон тинҷии Тоҷикистони азиз, саломатӣ, сарбаландӣ, рӯзгори  пурсаодат  ва  шодии фарзандонро таманно менамоям.

Шуҳрати занро замона тоза оламгир кард,

Толеъи занро баланд аз қуллаи Помир кард.

Дар тамоми корҳову дар нишоти зиндагӣ

Марду занро ҳам баробарбахту ҳамтақдир кард.

САЛОМОВА Зиёда – мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия