Рӯзномаи ноҳиявӣ яке аз аввалин нашрияҳои матбуоти РСС Тоҷикистон ба шумор меравад. Аввалин рӯзномаи ноҳияи Даҳанакиик тахминан соли 1937 – ум бо номи «Байрақи Сталин» рӯйи чоп омадааст.
Соли 1956 бинобар табодулоти давлатӣ рӯзнома номи «Ғаллакор» – ро гирифтааст ва он то соли 1959, то барҳам хӯрдани ноҳияи Даҳанакиик нашр шудааст, ки сармуҳаррири аввалин рӯзномаро Абдуназар Соҳибназаров ба уҳда дошт.
Баъд аз оне, ки қисми ноҳия (Фахробод) ба ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ), қисми дигар (марказ то Қизилқалъа) ба ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) ва қисми сеюм (Қизилқалъа) ба ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кушониён) ҳамроҳ карда шуд, рӯзномаи ноҳиявӣ аз нашр шудан бозмонд.
Аз соли 1959 то соли 1966 рӯзнома бо номи «Мубориза барои пахта» нашр шуда, мухбирони собиқ ноҳияи Даҳанакиик ва Куйбишев якҷоя кор мекарданд. Акнун сармуҳаррири рӯзнома Эгам Ҳасанов буд. Аз соли 1966 рӯзномаи ноҳиявӣ номи «Ба пеш» – ро гирифт.
28 апрел соли 1983 ноҳияи Куйбишев ба ду қисмат – Куйбишев ва Илич тақсим карда шуд.
Қадамҳои минбаъдаи рӯзномаи ноҳиявӣ хеле омирона ва қотеъона ба назар мерасад:
– солҳои 1983 то соли 1992 бо номи «Нури Илич»
– солҳои 1992 то соли 2004 бо номи «Субҳи Ғозималик»
– аз соли 2004 бо номи «Хуросон» нашр мешавад.
Дар ин давраҳо сармуҳаррирони рӯзнома :
– тахминан солҳои 1950 – 1959 Соҳибназаров Абдуназар
– солҳои 1959 – 1983 Ҳасанов Эгам
– солҳои 1983 – 20.05.2002 Нусратулло Абдуллоев
– 20.05.2002 – 12.05.2003 Файзалиева Раҷабмоҳ
– 12.05.2003 – 31.12.2003 Ғаниев Умар
– 2.01.2004 – то соли 2006 Уроқов Юсуф
– солҳои 2006 – 2018 Хидиралиев Наҷмиддин