Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумрук тағйирот ворид менамояд

Хабарҳо

ДУШАНБЕ, 11.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоянд.

Ин ва дигар масъалаҳо дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуданд.

Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ва дар бораи нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.