Озмун

Хабарҳо

Э  Ъ  Л  О  Н !

 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои ишғоли мансабҳои  холии  зерин  озмун  эълон  менамояд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

 

  1. Сармутахассиси  бахши  умумӣ, назорат ва  муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи  раиси  ноҳия – 1 ҷой,  маоши  мансабӣ – 934 сомонӣ
  2. Сармутахассис (агроном)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ – 934 сомонӣ
  3. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод  ва савдои  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия– 1 ҷой,  маоши  мансабӣ –766  сомонӣ
  4. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия– 1 ҷой,  маоши  мансабӣ –766  сомонӣ

 

Ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳоти  ноҳия

 

  1. Сармутахассиси (сармуҳосиб) Ҷамоати шаҳраки Обикиик – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 892 сомонӣ;
  2. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Фахробод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 730 сомонӣ;
  3. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 630 сомонӣ;
  4. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 892 сомонӣ;
  5. Мутахассиси пешбари (кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 730 сомонӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад.

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти иҷроия:

-варақа (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ:

-шарҳи ҳол:

-2 дона расми 3/6

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ:

-нусхаи шиноснома:

-маълумотнома аз мақомоти андоз барои даромад ва амволи шахсӣ:

-нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда):

-маълумотнома аз ҷойи истиқомат:

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ:

-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН):

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд):

-маълумотнома (объективка):

-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ:

 

Талаботи тахассусӣ

Барои  ишғоли  мансаби  сармутахассис

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои  ишғоли  мансаби  мутахассиси  пешбар

– таҳсилоти олии, касбӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Хуросон, Ҷамоати шаҳраки «Обикиик»,  кӯчаи И. Сомонӣ – 1 А бинои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, ошёнаи якум, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия.

телефонҳо: 8 (3242) 2-20-26,  918 88 70 54

 

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз, аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани   озмун.

Эзоҳ:  иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.