Миллати куҳанбунёди тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихи худ ба ҷаҳониён намунаи олии давлатдориро муаррифӣ намудааст, ки мисоли он давлати Сомониён ба шумор меравад. Ин давлати бузург бо нобиғаҳое, ки дар он ба сар мебурданд дар ташаккули тоҷикон ҳамчун миллат, рушду нумӯи фарҳангу адабиёти ин миллат нақши муҳим бозидааст. Вале кашмакашиҳои дохилӣ, ки аз мухолифатҳои қавмиву мазҳабӣ маншаъ мегирифтанд, тангбиниву хоинӣ ва душманӣ асоси заволи ин давлати тоҷикон гаштанд.
Пас аз Инқилоби октябр миллати тоҷик имкон ба даст овард, ки сараввал Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Тоҷикистонро дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва баъдан соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии комилҳуқуқ дар ҳайати ИҶШС ташкил намояд.
Таърихи мақомоти прокуратура низ аз ин давра оғоз гардида, бо қарори Шӯрои инқилобӣ аз 14 декабри соли 1924 Комиссарияти халқии адлия ва Прокуратураи давлатӣ таъсис дода шуданд. Прокуратура дар ҳайати Вазорати адлия ба ҳайси шуъба фаъолият намуда, онро муовини вазир роҳбарӣ менамуд. Аз соли 1933 прокуратура ҳамчун мақоми мутамарказонидашуда фаъолият намуда, дар даврони шӯравӣ дар таъмини риояи қонунҳо, ошкору тафтиши ҷиноятҳо саҳмгузорӣ намудааст.
Пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, зимоми давлату давлатдориро ба даст гирифт ва прокуратура ба монанди дигар мақоми давлатӣ мустақилиятро ба даст овард. Ин ҳолат қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави танзимкунандаи фаъолияти ин сохтори давлатиро тақозо менамуд.
14 марти соли 1992 бо қонуни аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот оиди таъсиси мансаби Прокурори генералӣ ворид карда шуда, дар ҳамин сана бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев аввалин Прокурори генералӣ таъин гардид. Ҳамчунин дар худи ҳамин сана бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати якум қабул ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. 30 апрели соли 1992 Қонуни мазкур қабул ва мавриди амал қарор гирифт.
6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин санади қувваи олии ҳуқуқидошта дар боби 9 вазифаҳо, принсипҳои ташкил ва самтҳои фаъолияти прокуратураро муайян намудааст.
Дар иртибот бо ин меъёрҳои конститутсионӣ соли 2005 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Соли 2015 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, иди касбии кормандони прокуратура аз 14 декабр ба 14 март гузаронида шуд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда заминаҳои ҳуқуқии мақомоти прокуратураро ташкил дода, фаъолияти муназзами ин мақомотро дар ба амалбарории назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 марти соли 2018 дар суханронии худ зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти прокуратура қайд намуданд, ки «Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст».
Ин баҳои Сарвари давлати тоҷикон мояи ифтихори ҳар як корманди мақомоти прокуратура буда, ҳамзамон моро вазифадор менамояд, ки фаъолияти худро таҳким бахшида, дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми босазо гузоранд.
Сафарзода Саид Шариф – Прокурори ноҳияи Хуросон