Нишасти Варшава. ҲНИ ва дигар гуруҳҳо чи мехоҳанд?

Хабарҳо

Вақте мақолаеро дар сомонаи радиои “Озодӣ” хондам рости гап аз хашми бисёр чи гуфтанамро надонистам. Аҷиб он аст, ки замоне буд, ки як мулки биҳитосоро ба оташи ҷанг маҳз ҳамин гуруҳбозҳо кашида буданд вақте, ки як қисми ҳокимиятро аъзоёнашон роҳбарӣ мекарданд заррае ба касе кӯмак ва дастгири ҳам накарда буданд. Агар ин гурӯҳбозҳо ғами мардум мехурданду ба манфиати мардум кор мекарданд то имруз аз онхо касе пуштибони мекард. Лек ҲНИ ва дигар гуруҳҳои экстремистӣ танҳо хонаи мардумро хароб карданду миёни мардум ғавғову сафсатаро роҳандози менамоянд. Аз тарафи дигар мардумро ба мазҳабу равияҳои дигар ҷалб намуда миёни онҳо муноқишаҳоро ташкил менамуданд.

Мардуми Тоҷикистон садҳо ҳазор бор шукр ки имрӯз тинҷу осуда зисту зиндагони намуда шароити зиндагиашон руз аз руз беҳ гардида истодааст.  Барои мо ягон пуштибон аз хориҷи кишвар лозим нест. Мо зодгоҳамонро худамон ободу зебо мекунем. Президенти кишвари мо мунтазам таъкид менамояд, ки каси дигар Ватани моро обод намекунад.

Дар Варшава ва дигар ҷо баромад кардани душманони давлати мо асаре надорад зеро ҳамагон медонанд, ки онҳо ки ҳастанду чи мақсад доранд.

Абдукаримов Ҳ-сокини ноҳияи Восеъ