Муроҷиати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Россия

Хабарҳо

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба иллати ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) Ҳукумати Россия қарор қабул кардааст, ки шурӯъ аз 18 марти соли 2020 маҳдудияти вуруд ба давлаташро ҷорӣ намояд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат аз сафар ба Россия дар айни замон худдорӣ намоянд.

Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд ва ба Россия ба муносибати вафоти хеши наздик меоянд, татбиқ намегардад.

Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мо муроҷиат кунанд.