Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба роҳбарият ва мардуми бародари Ӯзбекистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавируси нав расонида шуд, арзи сипос намуданд.
Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки ин кумаки дӯстонаи иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ дар шароити имрӯзаи барои ҳамаи мо душвор хеле зарур буда, боз як нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигараст, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ду ҳамсояи наздик тӯли асрҳо ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд.
Ҳамзамон ҷараёни устувори рушди мунтазами ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ зикр гардид.
Зимни идомаи табодули афкор оид ба мавзӯи зуҳуроти буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои хавфноки афзоиши таназулли нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъи дар ду давлат дар пасманзари хатарҳои паҳншавии пандемияи коронавирус баамаломада иттилоъ доданд.
Аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои минтақавӣ барои пешгирии таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба кишварҳои минтақа таъкид карда шуд.
Дар робита ба ин, омодагии тарафҳо барои амалиёти муштараки мақсаднок якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа барои рафъи вазъи буҳронӣ изҳор карда шуд.