Коронавирус, маълумот ва роҳи пешгирии он.

Хабарҳо

 Имрўзҳо тамоми башариятро сироятшавии бесобиқа ба коронавирус, як балои то ҳол номаълум ва номафҳум фаро гирифтааст. Ин беморӣ барқвор аз як шахс ба шахси дигар, аз як макон ба макони дигар, аз як қитъа ба қитъаи дигар мегузарад. То кунун насли башар вабо, тоъун, табларза, вараҷа, сил, вируси эбола, вируси норасоии масунияти одам ва дигар маризиҳои даҳшатнокро медонист, аммо коронавирус аз онҳо мураккабу фарогиртар будааст. Ин беморӣ дар қитъаҳои Аврупову Амрико ва ҳатто дар Африқо, ки гармтарин макони зисти одамизод аст, домани сиёҳашро паҳн кардааст.
Ин даҳшати ногаҳонӣ башариятро ба худ овард, то ки фориғбол набошанд. Ягон кишвар ба хурўҷи ин беморӣ аз нигоҳи тиббӣ ва таҷҳизоти он, аз нигоҳи маънавӣ омода набуд. Дар қарни пешрафтҳои бесобиқаи зеҳнияти инсонӣ, роботу ақли сунъӣ, технологияҳои навтарини инсоният оҷиз монд.
То имрўз дар рўи олам беш аз ду миллиону сад ҳазор нафар ба ин бемории мудҳиш сироят ёфта, беш аз 134 000 нафар фавтиданд ва теъдоди беморон рўз аз рўз меафзояд. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии беморӣ риояи назофату покизагӣ, аз ниқоб истифода бурдан, мудом дастҳоро пок шустан, дурӣ ҷустан аз издиҳоми одамон, ба реҷаи муайяни ғизову тозагии муҳит муроот кардан аст.
Қаблан гуфта будем, ки ҷойҳои издиҳоми мардум, алалхусус масҷидҳо аз ҷиҳати сирояти коронавирус ҷои аз ҳама осебпазиртарин мебошанд, зеро дар он ҷо одамон аз минтақаҳои гуногун, соҳиби касбу кори гуногун, роҳгузарон дар як фазои маҳдуд ҷамъ омада, намоз мехонанд. Аз як саҷдагоҳ ва ё як ҷои намозгузорӣ дар панҷ вақти намози якрўза шахсони гуногун истифода менамоянд. Дар ин ҳолат эҳтимолияти сироят якчанд маротиба меафзояд. Дар чунин вазъ ҷиҳати пешгирии сироятёбии одамон мунтазам панҷ маротиба пеш аз намоз ва баъд аз он пурра дезинфексия кардани бинои масҷид, таҳоратхона ва гирду атрофи он, инчунин назорати пўшидани ниқоб мушкил ва ғайриимконаст.
Инро ба инобат гирифта, тамоми кишварҳои мусулмонӣ бинобар манбаи сироят буданашон дарҳои масҷидҳоро бастанд. Аз ҷумла, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввал ҳаҷи умраро манъ намуд. Сипас, дарҳои ибодатгоҳҳои муқаддаси мусулмонон – Масҷиду-л-ҳаром ва Масҷиди Набавиро баст. Баъд аз он маросими ҳаҷи фарзиро манъ намуда, фатво содир намуд, ки дар моҳи Рамазон эътикоф ва намози таровеҳ низ мамнуъ аст. Айни ҳол, дар ин кишвар пурра ҳолати карантинӣ ҷорӣ шуда, аз хона баромадани шаҳрвандон қатъиян манъ аст.
Дар радифи Арабистони Саудӣ, давлатҳои Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Арабии Миср, Либия, Алҷазоир, Тунис ва ғайра низ масҷидҳоро баста, дар моҳи шарифи Рамазон ифторҳои дастаҷамъӣ ва намозҳои таровеҳро низ манъ намуданд. Айни ҳол, дар ягон давлати мусулмонӣ одамон ба масҷид намераванд!
Вазъият дар кишварҳои ба мо ҳамсоя – Ўзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон низ рўз аз рўз шиддат гирифта, ҳамарўза садҳо ҳолатҳои нави гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шуда истодааст. Бар асари ин беморӣ ҳамарўза одамони зиёд ба ҳалокат расида истодаанд.
Дар чунин муҳит, ки атрофи Тоҷикистонро бемории коронавирус иҳота намудааст, бетаваҷчуҳ будан ва бепарвоӣ кардан, лозим нест!
Ҳафтаи гузашта бо овардани далелҳои қатъӣ аз Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ аз кулли намозгузорон қотеона хоҳиш намуда будем, ки ҷони худ ва атрофиёнро дар хатар нагузошта, намозҳоро дар хона адо намояд. Аммо ба таъкидҳои пайдарпай нигоҳ накарда, омадани намозгузорон ба масҷид кам нагардид.
Дар арафаи моҳи Рамазон дар назди баъзе масҷидҳо маводи озуқаворӣ, инчунин хўрокҳои тайёри арзон фурўхта мешаванд, ки ба талаботи санитарӣ заррае мувофиқ набуда, аз як косаву пиёла теъдоди зиёди одамон истифода мебаранд. Маълум нест, ки чунин хўрокҳо дар кадом шароит пухта шудаанд, кӣ онҳоро пухтааст, оё ҳангоми пухтан қоидаҳои санитарӣ риоя шудаанд? Албатта не! Дар чунин ҷойҳо имкони ба таври зарурӣ шустан ва безарар гардонидани зарфҳо вуҷуд надорад. Бинобар ин, дар кўчаву роҳравҳои назди масҷид намоз хондан, инчунин дар назди масҷидҳо фурўхтани маводи ғизоӣ манбаи бениҳоят хатарноки сироят мебошад. Пас, ҳар яки мову шумо ҷиҳати роҳ надодан ба ин кор масъулият дорем.
Далели ин гуфтаҳо воқеаи ҳузнангез дар кишвари Ингушистони Россия мебошад. Расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки Муфтии ин кишвар Абдураҳмон Мартазанов бар асари гирифторшавӣ ба бемории коронавирус вафот карда, тавассути ў теъдоди зиёди намозгузорон низ ба ин бемории мудҳиш сироят ёфтанд. Айни ҳол сироятёфтагон дар беморхонаҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Хуросон                                         Гулов К. А.