Шанбегии дастаҷамъона

Хабарҳо

Рӯзи 5 – уми августи соли 2023 бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Кормандони шуъбаи маориф ба тозаю озода намудани ҳуҷраҳои корӣ, гирду атрофи биноҳо, нарм намудани дарахту гулу буттаҳо машғул шуда, бо руҳияи баланди ватандорӣ ба пешвози ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ дар шанбегӣ иштирок намуданд.