Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Хуросон

Хабарҳо

10 августи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нишасти матбуотии раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ аз АМИТ «Ховар», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Сафо», “Рузномаи Хуросон”, ҳафтаномаҳои “Инсон ва табиат”, “Фараж”, “Пайк”, «Тв Хатлон», «Тв Варзиш» «Тв Тоҷикистон» шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», “Сафина”, «Тоҷикистон» ва дигар расонаҳои хабарии марказию маҳаллӣ иштирок карданд.

Қабл аз нишаст ба намояндагони васоити ахбор маълумотнома оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ иқтисодии шаҳр ва нақшаи чорабиниҳои МИҲД—и шаҳр оид ба саволҳое, ки дар нишасти қаблӣ пешниҳод шуда то ба имрӯз ҳалли худро пайдо кардааст, дастрас карда шуд.

Раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом рўзноманигоронро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри тадбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои неки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини некуаҳволии мардум бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои судманду муассирро амалӣ менамояд. Сокинони ноҳия “Ватандӯстӣ, созандагӣ ободкорӣ ва рушд”-ро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намудаанд шиори фаъолияти хеш қарор дода, азм доранд 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тӯҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намоянд.

Дар идома аз саволу пешниҳодоти рӯзноманигорон дар нишасти қаблӣ ёдовар шуда, тариқи монитор ва ҷадвалҳои таҳияшуда аҳли нишастро бо амалӣ гардидани дархостҳои ироанамудаи намояндагони воситаҳои ахбор дар самти баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, кишти такрорӣ, амнияти озуқаворӣ, таъмини дурнамои кишти зироатҳо, зиёд намудани зоти гӯсфанди ҳисорӣ ва муаррифии шоистаи он бо ҷалби олимони соҳа, дастрасии аҳолӣ ба обу барқ, таъмири роҳ, ба кор андохтани корхонаҳои саноатии азкормонда, амалишавии нақшаи генералии шаҳр, бартарфсозии савдои кӯчагӣ, дастрасии омӯзгорони ҷавон ба замини наздиҳавлигӣ, ташкили нуқтаҳои санитарӣ дар кӯчаҳои серодами шаҳр, назорати нарх дар бозорҳо ва ҳамин монанд саволу дархостҳоро шинос намуда, дастовардҳо ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар шашмоҳаи соли 2023 дар асоси таҳлилҳои амиқ шарҳу тавзеҳ дод.

Рўзноманигорон бо қаноатмандӣ аз дастовардҳои шаҳр дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият, вобаста ба самаранок истифода бурдани замин, вазъи роҳҳо, мактабу маориф, бехатарии озуқаворӣ ва назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, ҳолати кишти такрорӣ, коркарди партовҳои пластикӣ, бемориҳои мавсимӣ, пешгирӣ аз фарҳанги либоспӯшии бегона, манъи савдои кӯчагӣ, таҳсили ғайрирасмии динӣ, ва вазъи сехҳои дӯзандагии аз фаъолият бозмонда саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Раиси ноҳия аз иштироки фаъолонаи хабарнигорон дар нишаст изҳори қаноатмандӣ карда, барои баёни андешаҳои ҷолиб, пешниҳодҳои созанда, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр мусоидат мекунад, изҳори сипос намуд ва онҳоро ҷиҳати рафъи камбудиҳо, ислоҳи равандҳои манфӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум, ба ҳамкорӣ даъват намуд.