ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

Хабарҳо

6 марти соли 2024 дар Кохи Хуросон ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.
Таъкид карда шуд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерубахши рӯҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогӯи ҷон, дили пурмеҳр дорад, ки чу офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.
Имрӯзҳо бонувони ноҳияи Хуросон мисли дигар бонувони кишвари азизамон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу назаррабо гардидани кишвар талошу заҳмат мекашанд.
Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон ба хотири баланд бардоштани таълиму тарбия, ҳиси ифтихори миллии фарзандон ва устувор нигоҳ доштани пойдории оила, пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати занону бонувон арҷ гузошта, таъкид менамоянд, ки “Мо занону бонувонро ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем”.
Дар охир ба як қатор фаъолзанони ноҳия сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва тӯҳфаҳо супорида шуданд. Дар охир барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонда шуд.