Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба ҳифзи муқаддасоту ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин бахшида ба 2024- “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар асоси нақшаи кории муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш имрӯз дар ноҳияи Хуросон байни кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баҳри ба даст овардани “Ҷоми раиси ноҳия” бозии футболи хурд, таҳти унвони “Футбол сарҳад надорад” баргузор гардид.
Дар мусобиқаи ду дастаи пурқувват МТМУ 9 ва МТМУ 24 бозӣ карданд. Дастаи МТМУ 9 бо ҳисоби 4:2 ғолиб баромад. Силсилаи бозиҳо байни тимҳо идома дорад.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:



