Рӯзи 1 феврали соли равон баҳри корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон ниҳолҳои нодири ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд.
Бо пуштибонӣ аз ин иқдоми сабзкорӣ сокинони касбу кори гуногуни ноҳия ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозаю озода гардонидани муҳити зист фаъолона иштирок намуданд.
Давлаталӣ Саид – раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳияи Хуросон ва бахши муҳити зист ва масъулини ҷамоатҳои деҳот дастур доданд, ки ниҳолҳои шинонидашударо дар ин мавзеъ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, то фарорасии мавсими баҳор ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо чунин тадбирҳои ободонӣ ин маконро сабзу хуррам ва боз ҳам ободу зебо гардонанд.
Ҳамзамон раиси вилоят сокинонро ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф, бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ, боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ки аз анъанаҳои накуи аҷдодонамон мебошад, ҳидоят намуданд.
Аксҳо аз рафти ниҳолшинонӣ:

