Хуросон. Соли 2025-ро бо дастовардҳо ҷамъбаст намуданд.
10 январи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси ноҳия Суризода Носир Мурод, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Соҳибназарзода Аскаралӣ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 доир гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбасти ҳисоботи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 шунида шуда, қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар давраи соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд.
Дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо дар назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 119,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 66 млн 489 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 10 млн 730 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин замина маоши муассисаҳои буҷетӣ ва нафақапулиҳо дар соли 2025 пурра пардохт гардидааст.
Дар соли 2025 кишоварзони ноҳия дар аксарияти бахшҳои соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилӣ ба 1 млрд. 867 млн. 340 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 млн. 623 ҳазор сомонӣ зиёд ва афзоиш 103, 6 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад 1 млрд 373 млн 402 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-юм 21 млн 406 ҳазору 300 сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 101,6 фоизро ташкил медиҳад.
Кишти зироати асосӣ – пахта дар майдони 2782 ҳазор гектар гузаронида шуда, истеҳсоли он ба 8052 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 2319 тонна ё 140,5 фоиз зиёд мебошад.
Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 7940 гектар, зироатҳои техникӣ 3817 гектар, аз он картошка 206 гектар, сабзавот 1073 гектар, полизӣ 409 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 992 гектарро дар бар мегирад.
Истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиҳо 32785 тонна, картошка 3445, сабзавот 59053, полизӣ 24157, мева 8872, ангур 11317, гӯшт 8800, шир 19083, пашм 155, пилла 5,4, асал 14,5, моҳӣ 23,6. тонна ва тухм 1 млн 883 донаро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти оморӣ 1702 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 бошад дар майдони 3527 гектар кишти тирамоҳи гузаронида шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 404 млн 594 ҳазору 100 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 20 млн 490 ҳазору 900 сомонӣ ё 100,8 фоиз зиёд мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат дар ноҳия тадбирҳои зиёд амалӣ шуда истода дар соли 2025 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллию ватанӣ 4 корхонаю коргоҳҳои нав мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ин давра аҳолии ноҳия дар ҳаҷми 82 млн 777 ҳазор кВт/соат ба маблағи 29 млн 253 сомонӣ қувваи барқ истифода намудааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 92,6 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 90,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2025 ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 89 млн 344 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум 23 млн 726 ҳазору 600 сомонӣ зиёд мебошад.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 82 млн 661 ҳазору 600 сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба соли 2024-ум 28 млн 726 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар самти беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф низ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Дар ноҳияи Хуросон 63 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 литсейи давлатии №1 фаъолият доранд, ки дар онҳо 38827 ҳазор хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар 4 муассисаи томактабӣ 545 кӯдак дар 22 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 48 муассисаи таълимии ноҳия 3532 нафар кӯдакони синни 5-6 сола ба маркази инкишофи кӯдак ҷалб карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботи бо ҷалби маблағгузориҳои шарикони рушд, соҳибкорон ва аҳолӣ инфрасохтори соҳаи маориф низ беҳтар гардонида шуда, махсусан дар минтақаҳои аз маркази ноҳия дур ҷойгирифта барои бо синфхонаю биноҳои иловагӣ ва ҷойҳои нишаст таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, дар назди 5 муассисаҳои таълимии сохтмони бинои иловагӣ барои 724 ҷои нишаст сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Илова бар ин, дар назди 8 муассисаҳои таълимӣ барои 2222 ҷойи нишаст дар як баст сохтмони 92 синфхона идома дорад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 239 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз 201 адади он мавриди истифода карор гирифтааст, ки ин 84,1 фоизи нақшаро таъмин мекунад.
Дар охир бори дигар аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Хуросон дастур дода шуд, ки барои бозҳам вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии аҳолӣ дар тамоми ҷамоатҳо гурӯҳҳои корӣ бо фарогирии масъулини ҷамоат, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фаъолон ва шахсони обруманди ҳудуди ҷамоатҳо таъсис дода, барои бедор кардани ҳисси масъулиятшиносию ободкорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист, кӯчаю роҳҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон, захираи дусолаи маводҳои ғизоӣ, истифодаи сарфакоронаи обу барқ, риояи талаботи қонунҳо, хусусан қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиди дигар масъалаҳо ҷаҳду талош варзида корҳҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Дар маҷлиси ҷамъбасти якқатор фаъолони ноҳия барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи иҷтимоию иқтисоди бо Сипосномаи раиси ноҳия қадрдони карда шуданд.





