ХУРОСОН: ОМОДАГИИ МУДОФИАИ ҲУДУДИИ № 13
Имрӯз, 5 – уми марти соли 2026 баҳри иҷроиши фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2019, № 04 “Оид ба баланд бардоштани дараҷаи омодабошии сафарбарии мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ ва сатҳи тайёрии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта” дар ноҳияи Хуросон мудофиаи ҳудуди баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми сардори ситоди генералӣ – Саидзода Бобоҷон Абдуқодир ва раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар мудофиаи ҳудуди зиёда аз 6000 нафар шаҳрвандони дар захираҳои эҳтиёт қарордошта иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза, мураккаб гардидани авзои марзи давлатӣ танҳо давлате, худро муҳофизат карда метавонад, ки мардумаш босавод, миллатдӯсту ватанпарвар ва соҳибэҳтиром ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ бошанд.
Вазъи имрӯза аз мо талаб менамояд, ки ҳушёру бедордил бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Дар ин лаҳзаҳо бо боварии комил қайд менамоям, ки мардуми равшанзамиру сарбаландии Хуросонзамин ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, баҳри ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки ватани аҷдодӣ, таъмини осоиштагиву амнияти ҳаёти мардум ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа содиқонаву дастаҷамъона тайёранд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:
