ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 23-уми майи соли 2026 дар Кохи Хуросон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ханӯз 17-уми марти соли 1994 зимни мулоқоти нахустини худ бо ҷавонон таъкид намуд, ки сарҷамъу муттаҳид будани ҷавонон, фаъолияти созанда ва баланд бардоштани хисси миллии онҳо масъалаву вазифаҳои асосии давлат мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҷавонон нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи халқамон буда дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа накши мухим доранд.
Дар рафти чорабинӣ ба бархе аз ҷавонони фаъол аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ анчомбахши чорабинӣ гардид.



