ХУРОСОН: КӮДАКОН НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА ОЯНДАСОЗӢ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Имрӯз, 1-уми июни соли 2026 дар Кохи Хуросон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Фарзандони мо соҳибони ояндаи давлату миллат ҳастанд ва мо вазифадорем, ки барои тарбия, таҳсил, саломатӣ ва рушди қобилияту истеъдодҳои онҳо тамоми шароитро фароҳам созем.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба кӯдакон тӯҳфаҳои хотиравӣ такдим карда шуданд.
Ҳамзамон, аз шароити зисти кӯдакони имконияташон маҳдуд дидан намуда, тӯҳфаҳо ва кӯмакҳои моддӣ бахшида ба ҷашни зикргардида расонида шуданд.




