ХУРОСОН: НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР ГАРДИД.

Хабарҳо

ХУРОСОН: НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР ГАРДИД.
Имрӯз, 7 августи соли 2026 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № АП – 1677 “Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомотҳои давлатӣ” дар ноҳияи Хуросон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Доир ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2026 раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ҳисобот пешниҳод намуданд.
Қайд гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, дар ҳудуди ноҳия бунёди 239 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки нақшаи пешбинишуда 100 фоиз иҷро гардида, дар 239 иншооти бунёдгардида, беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Айни замон дар якчанд иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки қисми даромади буҷет 110% иҷро гардида, музди маош ва нафақа пурра пардохт карда шуд.
Баъд аз пешниҳод намудани ҳисоботи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуданд.
Аксҳо: