ХУРОСОН: ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР РУШДИ МАҲАЛ
12 сентяри соли ҷорӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлия – Ашуриён Музаффар ва раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод бо сокинон ва фаъолони ҷамоати деҳоти Сурхқалъа вохӯрӣ доир гардид.
Вохӯрии мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ баҳри рушди маҳал доир гардида, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз сокинони ҷамоат масъулият ва ҳамкорӣ талаб карда шуд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванд дар рушди деҳа, пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав масъул буда, саҳмгузор мебошад.
Инчунин дар раванди вохӯрӣ оид ба ҷалби ҷавонон чавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида карда шуд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:


