ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 16-уми ноябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Хуросон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд.
Сарвари давлат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд.
Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз карда, кишвари моро чун як давлати пешрафта ва ташаббускор ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Чорабинии фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

