Мулки Хуросон саноативу афсонавӣ мешавад.

Хабарҳо

Роҳбарии ноҳияи Хуросонро марди кордону фидоӣ Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бар дӯш доранд.
Дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани “Саноаткунонии мамлакат” ва солҳои 2019-2021 эълон гардидани ” Солҳои рушди деҳот, саёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинон ва коҳишёбии сатҳи камбизоати аҳолӣ равона шудаанд, чораҳои мушаххас андешида, нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли 2019 бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шудааст.