“Як ҳуҷуми нобарори мухолифин”.

Хабарҳо

Субҳи 6-уми ноябри соли 2019, соати 3-ю 23 дақиқа дар дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод» ҳамлаи ноҷавонмардонаи мухолифин ба амал омад, ки дар натиҷа 1 нафар сарҳадбон ва 1 нафар корманди милитсия ҳалок шуданд.
Одамони ниқобпуше, ки ба ин дидбонгоҳ ҳуҷум карданд, бо ин амалашон хостанд дар набудани Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро нотинҷ созанд. Онҳо бо супориши хоҷагони хориҷиашон ин корро карданд, гумон накарданд, ки ин мардум мардуми солҳои 90-уми қарни гузашта нестанд.
Халқи тоҷик ва ҳамаи ҷавонмардони бо нангу номуси ватан аз як гиребон сар бароварда ба муқобили ин гуруҳи 20 нафара баромада онҳоро несту нобуд карданд. Бино ба хабари ВАО дар байни ин гуруҳи 20 нафара занҳо низ буданд, ки ин далолат аз он мекунад, ки мухолифони имрўзаи тоҷик дар хориҷи кишвар истода, барои мақсади нопоки худ аз хизмати занҳо низ рўй намегардонад. Онҳо набояд фаромўш созанд, ки фақат беномусон ва ноҷавонмардон аз хизмати занон истифода мебаранд.
Чи хеле, ки Ҷаноби олӣ мегуянд: Дар ин давраи аз ҷиҳати сиёсӣ ноором, ки дар давлати бо мо ҳамсоя ва дўст Афѓонистон, ҷанговарони ДИИШ ҷамъ омадаанд, мо мардуми тоҷик ҳушёрии сиёсиро бояд аз даст надиҳем, ҳар як амал ва баромадҳои дар ВАО чопшударо хонда дуруст баҳо доданамон лозим, ки фарзандони мо ба суханҳои онҳо бовар накунанд ва фирефтаи ваъдаҳои бардуруѓи онҳо нашаванд».
Ҳамаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиданд ва дида истодаанд, ки имсол ҳам бо фармони Ҷаноби олӣ 20 ҳазор нафар зиндониён авф карда шуданд. Ин аз он далолат мекунад, ки Ҷаноби олӣ инсони башардўст, инсондўст ва сарвари дурбин ва дурандеша буда, барои ободӣ ва тинҷиву осудагии мардуми худ ба ҳама кор қодир аст.
Ман ҳамчун як  зан аз ҳамаи ҳамватанон ва мардуми Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки дар атрофи ин фарзанди фарзонаи миллат ҷамъ шуда, барои гул-гул шукуфонии ин кишвар ва давлати соҳибистиқлол содиқона хизмат карда, дар ободонии он саҳмгузор бошем.

Мудири бахши кор бо занон
ва оилаи М.И.Ҳ.Д.
ноҳияи Хуросон Ҳалимаи Тағойназар