ТАЪСИСИ КОРХОНАИ САНОАТӢ

Хабарҳо
ҶДММ “Самараи Хуросон” яке аз корхонаҳои навтаъсисест, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ, деҳаи Чорбоғ фаъолияташро оғоз намудааст.
Корхонаи саноатии мазкур хиштҳои сафолин истеҳсол мекунад.
Таъсис ёфтани Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Самараи Хуросон” бо зиёда аз 30 ҷойи кории нав дар такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Зеро яке аз ҳадафҳои муҳиме, ки метавонад сатҳи зиндагии мардумро бо зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани коркарди маҳсулоти саноатӣ боис шавад ва ватани моро аз мушкилоти иқтисодӣ берун биёрад, ин саноатикунонии кишвар мебошад.
Аксҳо: