ИҶЛОСИЯИ БИСТУ НӮҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ХУРОСОН (даъвати шашум).

Хабарҳо

Рўзи 13.12.2024 дар толори васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон (даъвати шашум), баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

1. Ҳисоботи раиси ноҳияи Хуросон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳияи Хуросон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025”.

2. Дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2023 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2025.

3. Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои соли 2025.

4. Дар бораи ташкил намудани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.

5. Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Оид ба тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Хуросон, ки дар байни иҷлосияҳои бисту ҳаштум ва бисту нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон даъвати шашум қабул гардидаанд.

Дар Маҷлиси вакилони ноҳия намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон, муовини раиси Раёсати СМС ва нозироти савдои вилояти Хатлон – Шарифзода Нарзулло иштирок доштанд.

Аксҳо аз рафти ҷаласа: