Дар мувофиқа бо нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, вохӯрии гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндаи вилояти Хатлон – Шарифзода Назрулло муовини раиси Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия дар вилояти Хатлон, Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон ҷиҳати баррасии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорон ва фаъолони ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр баргузор гардид.
Намояндагони мақомотҳои дахлдор қайд намуданд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2025 роҳнамоест, ки метавонад ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистони азизро ба қуллаҳои фатҳ расонад.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:

