Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба кишвари сабз табдил додани кишварамон, имрӯз тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шоҳроҳи Душанбе-Бохтар бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон – Собирзода К., дар Ҷамоати деҳоти Фахробод маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 1500 бехи ниҳолҳои хамешасабз шинонда шуданд.
Аксҳо аз рафти кор:
