Хуросон. Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Хабарҳо

Хуросон. Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Кишоварзони ноҳияи Хуросон дар соли 2025 дар самти соҳаи кишоварзӣ аз тамоми имкониятҳо истифодаи дуруст карда, ҳар якваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 1 млрд 373 млн 402 ҳазор сомонӣ расониданд,  ки нисбат ба соли 2024-ум 21 млн 406 ҳазору 300 сомонӣ зиёд иҷро намуданд ва афзоиши он 101,6 фоизро ташкил медиҳад.  

     Агар аз як тараф кишти зироати асосӣ – пахта баҳисоб равад, дар ноҳия кишти пахтаро дар майдони 2782 њазор гектар гузарониданд ва истеҳсоли пахтаро ба 8052  тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 2319 тонна ё 140,5 фоиз зиёд мебошад.

Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 7940 гектар, зироатҳои техникӣ 3817 гектар, аз он картошка 206 гектар, сабзавот 1073 гектар, полизӣ 409 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 992 гектарро дар бар мегирад.

Истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиҳо 32785 тонна, пахта 8052 тонна, картошка 3445, сабзавот 59053, полизӣ 24157, мева 8872, ангур 11317, гӯшт 8800, шир 19083, пашм 155, пилла 5,4, асал 14,5, моҳӣ 23,6. тонна ва тухм 1 млн 883 донаро ташкил дод.

Тибқи маълумоти оморӣ 1702 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.