ХУРОСОН: МОДАРИ ХУШНАЗАРАМ, ҲАР НАЗАРАМ ҲАДЯИ ТУСТ.
Имрӯз, 6 марти соли 2026 дар ноҳия дар Кохи Хуросон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати занону бонувон арҷ гузошта, таъкид менамоянд, ки “Мо занону бонувонро ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем”.
Дар рафти чорабинӣ барои фаъолияти пурсамар дар рушду пешрафти ҷомеа ва саҳми арзанда дар фаъолияти хизматӣ ба бархе аз занони фаъоли ноҳия сипоснома ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи фарҳангӣ анчомбахши чорабинӣ гардид
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

