ХУРОСОН: РУШДИ ВАРЗИШ ВА ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Имрӯз, 23-уми майи соли 2026 дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи чаҳонии футбол дар ҷамоати деҳоти С. Айнӣ майдонча ва толори варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар кушодашавии иншоотҳои мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки яке аз самтҳои асосии дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Зеро варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мебозад.
Иншоотҳои зикргардида аз тарафи соҳибкорони маҳалли сохта шуда, иқдоми мазкур дар дигар ҷамоатҳои ноҳия идома хоҳад ёфт.
Аксҳо:



