ХУРОСОН: НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДАР ШАШ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Хабарҳо

ХУРОСОН: НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДАР ШАШ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2026
Имрӯз, 8 июли соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон таҳти раёсати раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои шашмоҳаи дуюми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини РСМС ва НС – и вилояти Хатлон – Соҳибназарзода Аскаралӣ иштирок ва баромад намуданд.
Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия – Ризозода Дилшод ахборот дода, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаш моҳи соли 2026 – ро баррасӣ намуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни баррасии ахборотҳо фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия – нозироти андоз, Раёсати молия, Раёсати омори ноҳия, Кумитаи замин, хоҷагии беҳдошти об, хоҷагии коммуналӣ, хоҷагии роҳ, шӯъбаи кишоварзӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, идораи барқ, маориф, бахши фарҳанг, беморхонаи марказӣ, бахши ҷавонон ва варзиш, шуғли аҳолӣ, бахши танзим ва дигар соҳаҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Доир ба саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, масъулинро муваззаф намуданд, ки дар рушди иқтисоди иҷтимоии ноҳия масъулияти баланд нишон дода, ҳар як шаҳрванд саҳми худро гузорананд.
Зикр намуданд, ки нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияро ба тарзи мушаххас ва дақиқ таҳлил намуда, сари вақт ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шавад.
Аксҳо аз рафти ҷаласа: